Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ба деҳқонони Суғд парвариши навъҳои нави помидорро барои коркард меомӯзонад

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC) , узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки Умумиҷахонӣ дар хоҷагии деҳқонии «Мукаррамов»-и ноҳияи Исфара семинаре оид ба парвариши навъҳои нави помидор барои коркард гузаронид.   Мутахассиси масъули робита бо ҷомеаи корпоратсия Муҳиддин Тоҷиев хабар дод, ки мақсади гузаронидани семинар баланд бардоштани савияи дониши иштирокчиён оид ба […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»




Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ

(



IFC) , узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки Умумиҷахонӣ дар хоҷагии деҳқонии «Мукаррамов»-и ноҳияи Исфара семинаре оид ба парвариши навъҳои нави помидор барои коркард гузаронид.

 






Мутахассиси масъули робита бо ҷомеаи корпоратсия Муҳиддин Тоҷиев хабар дод, ки мақсади гузаронидани семинар баланд бардоштани савияи дониши иштирокчиён оид ба парвариши навъҳои нави помидор барои коркард буд. Дар семинар тақрибан 30 нафар фермерон аз хоҷагиҳои деҳқонии гуногуни ноҳияои Исфара ва Конибодом, инчунин намояндагони Ташкилоти MEDA –и Канада, ки дар вилояти Суғд якчанд лоиҳаҳо оид ба соҳаи кишоварзӣ амалӣ намуда истодааст, иштирок карданд.

 




Агрономҳои IFC дар баромади худ оид ба навъҳои гуногуни помидор ва технологияи парвариши навъҳои гибридӣ барои коркард, тарзи истифодаи нуриҳо ва инчунин муҳофизати растании помидор аз ҳашаротҳои зараррасон нақл карданд.

 





        

Аз сабаби он, ки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз ҷиҳати дастрасӣ ба технологияи муосир танқисӣ кашида истодааст, IFC инчунин кӯшиш мекунад, то ба фермерон барои дарёфт намудани таҷҳизот ва технологияи нав бо

 

нархи дастрас кӯмак расонад. Бо чунин мақсад ташкилотчиёни семинар намояндаи ширкати эронии «Хуросон»-ро, ки яке аз ширкатҳои пешқадам оид ба таъминоти техникаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад, барои баромад кардан оид ба молои ширкат ва тарзи хариди он дар асоси лизинг даъват карданд.

 




Дар охири семинар иштирокчиён аз қитъаи намунавии Лоиҳа дар хоҷагии деҳқонии «Мукаррамов» дидан намуданд, ки ин ба онҳо имконият дод, то бубинанд, ки дониши назариявии дар семинар гирифтаи онҳо чӣ гуна дар амал татбиқ шуда истодааст.

 




Мувофиқи гуфтаҳои мутахассиси IFC Муҳаммадҷон Эшбадалов, соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ гуногун карда шуда истода, ба парвариши гибридҳои нави помидор барои коркард эътибори хоса дода шуда истодааст. «Барои ин дар мамлакат, хусусан қисми шимолии он ба шарофати иқлим ва захираҳои мавҷудаи оби шароитҳои мусоид вуҷуд дорад ва мо умедворем, ин семинар ба фермерон барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо ва инкишофи соҳаи мазкур дар шимоли мамлакат кӯмак хоҳад расонд», – илова кард ӯ.

 





            

«Хусусан баромад дар бораи ҳашаротхои зараррасон ва роҳҳои мубориза бо онҳо хеле муфид буд, зеро ҳоло аз сабаби ивазшавии иқлим ҳашаротҳои гуногун пайдо шудаанд ва онҳо барои гирифтани ҳосили баланди помидор имкон намедиҳанд. Имрӯз бошад, ман дар бораи роҳҳои мубориза бо ин ҳашаротҳо маълумоти зиёд гирифтам» – мегӯяд иштирокчии семинар, раиси хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ»-и ноҳияи Конибодом Зӯҳро Ҳакимова.

   






Маълумотнома:








IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), ин узви гурӯхи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, тавассути маблағгузории сохтори хусусӣ, сафарбаркунии маблағи хусусӣ дар бозорҳои молиявии байналхалқи ва маҳаллӣ, пешниҳоди маслиҳат ва хизмат ба сохтори хусусиву давлатӣ оид ба бартараф кардани хавф барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари IFC аҳолӣ бояд барои аз бӯҳрони камбизоатӣ баромадан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш имконият дошта бошад. Дар соли молиявии 2007 IFC 8,2 млрд. дол. ИМА маблағгузорӣ намуд ва илова бар ин 3.9 млрд дол. ИМА-ро тавассути

 

қарзҳо сафарбар кард ва барои 299 инвеститсия дар 69 кишвари рӯ ба тараққӣ маблағгузорӣ кард. IFC инчунин дар 97 кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои машваратӣ амалӣ мекунад.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.