Дар бозии ниҳоии Ҷоми даъвати Осиё дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Ҳиндустон шикаст хӯрд

Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс»- « BBC Persian . com » – Дирӯз дар бозии ниҳойӣ дар чаҳорчӯби Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 4 аз тими мунтахаби Ҳинд шикаст хӯрд. Ин рақобатро Валентин Коваленко аз Ӯзбакистон доварӣ кард. Қисми аввали бозӣ ба ҳисоби 3 бар 1 ба […]

BBC Persian.com


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс»- «


BBC




Persian


.


com


» – Дирӯз дар бозии ниҳойӣ дар чаҳорчӯби Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 4 аз тими мунтахаби Ҳинд шикаст хӯрд. Ин рақобатро Валентин Коваленко аз Ӯзбакистон доварӣ кард.




Қисми аввали бозӣ ба ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи тими мунтахаби Ҳинд анҷом ёфт. Тӯбҳоро Сунил Чхетри (дақиқаҳои 9 ва 23) ва Бхутиа Байчунг (дақиқаи 19) ва аз тими мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 44 Фатҳулло Фатҳуллоев заданд.



Дар дақиқаи ҳафтоду панҷуми қисмати дуввуми бозӣ Сунил Чхетри тӯби чаҳорумро вориди дарвозаи Алишер Тӯйчиев сохта ва бо задани се гол дар ин бозӣ хеттрик-hattrick кард.



Дар рақобат барои касби зинаи сеюм дар бозиҳои Ҷоми Даъвати Осиё тими мунтахаби Куреи Шимолӣ бо ҳисоби 4 бар сифр тими мунтахаби Бирмаро шикаст дод.



Тоҷикистон дар сурати пирузӣ аз ҳоло метавонист ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат бигирад.



Пирӯзӣ бар Ҳинд дар бозии дирӯз танҳо шонси Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба бозиҳои навбатии Ҷоми Осиё буд, зеро тими мунтахаби ин кишвар бар асоси натоиҷи бозиҳои муқаддамотӣ дар гурӯҳи худ, аз ҳақи идомаи рақобатҳо маҳрум шудааст.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.