Раиси ҲНИТ дар Маскав бо интихобкунандагони имконпазираш мулоқот карда натавонист

Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мулоқоти рӯзи панҷшанбеи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар Маскав бо интихобкунандагони имконпазираш – муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргузор нагашт. Сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мулоқот ба иллати даст кашидани сафорати Тоҷикистон аз дарёфт ва иҷораи толори мулоқот доир нашуд, […]


Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мулоқоти рӯзи панҷшанбеи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар Маскав бо интихобкунандагони имконпазираш – муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргузор нагашт.




Сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мулоқот ба иллати даст кашидани сафорати Тоҷикистон аз дарёфт ва иҷораи толори мулоқот доир нашуд, ҳарчанд М.Кабирӣ аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст ва мулоқоти ӯ бо муҳоҷирон бояд дар ҳамдастӣ ва мусоидати сафорат сурат мегирифт. «Ба фикри ман, ҳукуматдорони Тоҷикистон на танҳо баргузории чунин мулоқотҳоро намехоҳанд, балки садду монеъа низ эҷод мекунанд», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, ба қавли Ҳ.Сайфуллозода, М.Кабирӣ ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот хоҳад кард. «Имрӯз пас аз адои намози ҷумъа раиси ҳизб дар яке аз масҷидҳои шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мулоқот хоҳад орост», – афзуд сухангӯи раиси ҳизб.



М.Кабирӣ дар таърихи 20-уми сентябр дар шаҳри Уфа, 21-уми сентябр дар шаҳри Қазон ва 22-уми сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург бо муҳоҷирони тоҷик вомехӯрад.



«Маълум аст, ки аксари интихобкунандагони ҷумҳурӣ айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва

 

дидору мулоқотҳо бо онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст», – афзуд Ҳ.Сайфуллозода.



Номбурда зикр кард, ки дар сафар М.Кабириро фаъолони ҳизб, ки феълан дар Русия қарор доранд, ҳамроҳӣ мекунанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.