Э.Раҳмон қабри бародарашро зиёрат кард

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Украина дар шаҳри Лвов қабри бародараш – Файзалӣ Раҳмоновро, ки солҳои 50-уми асри гузашта ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудааст, зиёрат намуд. Ба иттилои нашрияи интернетии zaxid . net , президенти Тоҷикистон ба толибилмони гимназияи маҳаллӣ, ки қабрро нигоҳубин мекунанд, телевизор ва […]

Виктория Наумова


Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Украина дар шаҳри Лвов қабри бародараш – Файзалӣ Раҳмоновро, ки солҳои 50-уми асри гузашта ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудааст, зиёрат намуд.




Ба иттилои нашрияи интернетии


zaxid


.


net


, президенти Тоҷикистон ба толибилмони гимназияи маҳаллӣ, ки қабрро нигоҳубин мекунанд, телевизор ва ду компютер тақдим кард. Президенти Тоҷикистон қабри бародарашро дар Лвов маротибаи дуввум зиёрат мекунад. Бори аввал ӯ дар ин ҷо соли 2001 ҳузур дошт.



Тибқи иттилои нашрия, дар мулоқот бо намояндагони ҳокимияти давлатии Лвов президенти Тоҷикистон аз онҳо даъват ба амал овардааст, ки дар тендерҳои сохтмонии иншоот дар Тоҷикистон иштирок намоянд. Э.Раҳмон ба харидани маҳсулоти мошинсозӣ ва афзоиши ҳаҷми тарнзит тавассути Украина мароқ зоҳир сохтааст.



Нимаи дуввуми дирӯз Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Киев шуд. Имрӯз дар пойтахти Украина дидору гуфтушуниди як ба яки сарони давлатҳо ва ҳайатҳои кишварҳо доир мегардад. Д


ар поёни вохӯрӣ сарони давлатҳо ба ҳамдигар мукофотҳои давлатӣ месупоранд. Зимнан Виктор Юшенко Эмомали Раҳмонро бо ордени шоҳзода Ярославли Хирадманд дараҷаи 1 ва аз сӯи худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои украиниашро бо ордени Исмоили Сомонӣ сарфароз мегардонанд.



           Ёдрас мекунем, ки сарони давлатҳои Тоҷикистону Украина ҷузъиёти ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблӣ ва Нақшаи кории «Тоҷикистон- Украина барои солҳои 2008-2009»-ро, ки моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Дар ҷараёни сафари давлатӣ ба имзо расидани ҳашт санади ҳамкории байнидавлатӣ дар назар аст.



Дар чаҳорчӯбаи сафар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз шаҳри Киев, ҷиҳати баррасии масоили роҳандозии ҳамкориҳои минтақавӣ аз шаҳри Харкови ин кишвар низ боздид хоҳад кард. Аз ҷумла, дар Харков сарвари давлати Тоҷикистон бо фаъолияти ҶСК «Турбоатом», ки минбаъд чун таъминкунандаи таҷҳизоти гидротехникӣ ба нерӯгоҳи Роғун арзёбӣ мешавад, аз наздик шинос хоҳад гашт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.