Дар Душанбе ҷинояткори ба номуси духтари ноболиғ таҷовузкарда дастгир шуд

            Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сокини пойтахт – Умед Қудратови 27-соларо ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ боздошт намуданд.             Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Муҳаммадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, У.Қудратов зимни тафтиши муроҷиати […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сокини пойтахт – Умед Қудратови 27-соларо ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ боздошт намуданд.





           

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Муҳаммадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, У.Қудратов зимни тафтиши муроҷиати шаҳрванд А.Б. дар бораи ба номуси духтари ноболиғаш таҷовуз кардани шахси номаълум боздошт шудааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, боздоштшуда иқрор шудааст, ки ба номуси ноболиғи 14-сола дастдарозӣ кардааст. «Аз рӯи ин далел тибқи моддаи 138, қ.3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар сурати исботи гуноҳ ҳукми 25 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст», – афзуд М.Асадуллоев.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.