Президенти Тоҷикистон як қатор қонунҳои қабулнамудаи парлумон дар соли гузаштаро ба имзо расонид

            Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои ахири соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои қабулнамудаи парлумон дар соли гузаштаро ба имзо расонид.             Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, миёни онҳо Қонунҳои ҶТ «Дар бораи қабул ва дар амал ҷорӣ сохтани Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҶТ», […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои ахири соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои қабулнамудаи парлумон дар соли гузаштаро ба имзо расонид.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, миёни онҳо Қонунҳои ҶТ «Дар бораи қабул ва дар амал ҷорӣ сохтани Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҶТ», «Дар бораи фармоиши давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қодекси ҷиноии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳои ба Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи райъпурсӣ» ва ғайра ҷой доранд.



«Қобили зикр аст, ки Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҶТ маҷмӯи асноди меъёриву ҳуқуқии нав буда, бо назардошти талаботи имрӯзаи ҷомеа қабул шудааст, зеро кодекси амалкунандаи қаблӣ ҳанӯз соли 1985 қабул гардида буд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки Кодекси нав аз 1-уми апрели соли 2009 мавриди амал қарор мегирад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.