Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ: Дархости тамдиди мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор гувоҳи заъифии низоми бонкист

           Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Директор маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон сӯхроб Шарипов бар чунин назар аст, ки дархости тамдиди мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор гувоҳи заъифии низоми бонкист, вале мебояд бонкҳоро дастгирӣ намуд.             Ба ақидаи С.Шарипов, изҳороти ба ин монанд аҳолиро аз бонкҳо дур месозад. «Эътимоди мардум нисбати бонкҳо афзудааст, […]

Марат Мамадшоев



          

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Директор маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон сӯхроб Шарипов бар чунин назар аст, ки дархости тамдиди мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор гувоҳи заъифии низоми бонкист, вале мебояд бонкҳоро дастгирӣ намуд.





           

Ба ақидаи С.Шарипов, изҳороти ба ин монанд аҳолиро аз бонкҳо дур месозад. «Эътимоди мардум нисбати бонкҳо афзудааст, вале то ҳанӯз мардум барои нигаҳдории маблағҳои худ дар бонкҳо шитоб намекунанд, зеро мо ҳатто дар минтақаҳо заминаи ҷиддии бонкиро доро нестем ва дар низоми бонкии мо менеҷмент, таҳлил ва мониторингу пешгӯи ба қадри зарурӣ ташаккул наёфтааст», – гуфт ӯ.




           

Директори маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, давлат бояд бонкҳоро дастгирӣ намояд, зеро онҳо ниҳодҳои ташаккулдиҳандаи молиявии Тоҷикистон мебошанд. «Ҳукумат барои дастгирии бонкҳо имконият дорад, аммо бояд зимни дастгирии бонкҳо аз манфиатҳои худ низ пуштибонӣ кунад», – гуфт вай.




           

Дар ҳамин ҳол, С.Шарипов аз такрор гаштани қазияи шартномаҳо бо ширкатҳои фючерсӣ изҳори нигаронӣ мекунад. «Бонкҳо набояд фаъолияти худро суст намуда, ба гузаштҳо розӣ шаванд, – идома дод ӯ. – Ҳама қарзҳо бояд пардохта шаванд ва ҳукуматро зарур аст, ки механизмҳои воқеии муфлисшавиро таҳия созад, зеро иқтисоди кишвар бояд дорои механизми мӯътадили бозорӣ бошад».


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.