Дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт марафони варзишгарон баргузор мешавад

            Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки 18-уми апрел доир мегардад, дар пойтахт марафони варзишгарон баргузор мешавад.             Чӣ тавре ки сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, марафон аз соати 8 то 11 аз хиёбони Ҳофизи […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки 18-уми апрел доир мегардад, дар пойтахт марафони варзишгарон баргузор мешавад.





           

Чӣ тавре ки сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, марафон аз соати 8 то 11 аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардида, то посгоҳи БДА-и «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб идома меёбад ва сипас аз он ҷо варзишгарон боз то ҷойи аввала бармегарданд. «Баҳри ҳавасмандии иштирокчиён аз ҳисоби воситаҳои озоди буҷаи шаҳр 24 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ғолиби марафон бо 5 ҳазор ва ҷойҳои дуввуму саввум мутаносибан бо 4 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадронӣ хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ш.Саидов, барои иштирок дар марафон донишҷӯёни макотиби олӣ ва намояндагони корхонаву муассисоти шаҳр даъват шудаанд. Варзишгарони аз синни 14-сола боло пеш аз марафон бояд аз ташхиси тиббӣ гузашта, ҳамчунин аз ҳакамони мусобиқа иҷозатнома гиранд. «Барои намояндагони манотиқи кишвар ҷиҳати иштирок дар марафон квотаҳо ҷудо шудаанд, ки он барои вилоятҳои Хатлону Суғд 10 нафарӣ, ВМКБ – 5 нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ – 40 нафар варзишгар муқаррар шудааст», – афзуд Ш.Саидов.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.