Додситонии кулл тафтиши парвандаи ҷиноии қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаро дубора шурӯъ кард

            Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти хабарӣ муовини додситони кулли ҶТ Абдусамеъ Додобоев ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Додситонии кулл тафтиши парвандаи ҷиноии қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) Олег Захарченкоро дубора шурӯъ кардааст. «Рӯзҳои наздик оид ба парвандаи мазкур қарори ниҳоӣ қабул карда хоҳад шуд», – гуфт ӯ.             Ёдрас […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти хабарӣ муовини додситони кулли ҶТ Абдусамеъ Додобоев ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Додситонии кулл тафтиши парвандаи ҷиноии қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) Олег Захарченкоро дубора шурӯъ кардааст. «Рӯзҳои наздик оид ба парвандаи мазкур қарори ниҳоӣ қабул карда хоҳад шуд», – гуфт ӯ.





           

Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ

 

ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд.



Дар ҳамин ҳол, 3-уми октябр бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт барҳам дода шуд. Ҳамаи кормандони раёсати мазкур, ки ба он полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов роҳбарӣ мекард, силоҳҳояшонро ба мақомот супориданд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов изҳор дошта буд, ки пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чунин қарор омадаанд. «Мо 14 адад аслиҳаи оташфишон супоридем ва акнун ҷои кори минбаъдаи моро Раёсати кадрҳои вазорат ҳал хоҳад кард», – гуфта буд ӯ. Феълан М.Аҳмадов бо корҳои хоҷагидорӣ машғул аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.