Маҳмадсаид Убайдуллоев ба кормандони мақомоти шаҳрдорӣ танбеҳ эълон кард

Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории пойтахт баргузор гардида, дар он масоили омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншшоти мактаби рақами 47 барои 624 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Лучоб, маҷмааи 9-ошёнаи хонаи истиқоматӣ дар хиёбони Ҳофизи […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории пойтахт баргузор гардида, дар он масоили омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншшоти мактаби рақами 47 барои 624 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Лучоб, маҷмааи 9-ошёнаи хонаи истиқоматӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, маркази замонавии хизматгузорӣ дар пойтахт, таъмини сокинони маҳаллаи Буни Ҳисорак бо манзили зист дар хонаи истиқоматии 9-ошёнаи хиёбони саъдии Шерозӣ ва дигар масоили хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Ба гуфтаи сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, барои хунукназарӣ зоҳир сохтан дар иҷрои вазифа ба муовини раиси шаҳри Душанбе С.Раҳимова, сардори раёсати маорифи шаҳр Ш.Исломов, раиси кумитаи омори мақомоти шаҳрдории пойтахт А.Насриддинов ва мудири шӯъбаи умумӣ ва хадамоти ташрифоти раиси шаҳр А.Шарипов танбеҳ эълон гардида, роҳбари раёсати заминсозии пойтахт А.Отабеков аз мансаб сабукдӯш карда шуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.