Конфронси байнулмилалӣ бахшида ба 10-солагии таъсисёбии АНМН ба кор шурӯъ кард

            Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳлил ва табодули иттилоот дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир, таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ» конфронси байнулмилалӣ ба кор шурӯъ кард             Конфронс аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ […]

root



           

Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳлил ва табодули иттилоот дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир, таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ» конфронси байнулмилалӣ ба кор шурӯъ кард





           

Конфронс аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ созмон дода шуда, дар кори он намояндагони хадамоти дахлдори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд. Иштирокдорони конфронс масъалаи механизмҳои табодули иттилоот дар кори мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуда, таҷрибаи Тоҷикистон дар кори таъсиси агентии зидди маводи нашъаоварро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.



Иштирокдорон ва меҳмонони конфронс рӯзи 30-юми май дар ҷамъомади тантанавӣ ва консерт бо иштироки мақомоти раҳбарии кишвар низ ширкат хоҳанд варзид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.