Миёни Тоҷикистону Туркия асноди ҳамкорӣ ба имзо расид

Душанбе. 29-уми май. – Дар Қасри Миллат мулоқоти якка ба яккаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул баргузор гардид, ки барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон омадааст. Баъди ин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул мулоқоти ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Дар фарҷоми ин мулоқотҳо силсилаи ҳуҷҷатҳо ба […]

root


Душанбе. 29-уми май. – Дар Қасри Миллат мулоқоти якка ба яккаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул баргузор гардид, ки барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон омадааст. Баъди ин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул мулоқоти ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Дар фарҷоми ин мулоқотҳо силсилаи ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд. Аз ҷумла, сарони ҳар ду давлат Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркияро «Дар бораи равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба» имзо карданд.





  

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Улон Чорикӯз созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркияро «Дар бораи бекор кардани раводид барои дорандагони шиносномаҳои хидматӣ ва махсус» имзо намуданд.



Онҳо, инчунин, Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркияро барои солҳои 2009 – 2010 ба имзо расонданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.