Занони соҳибкори бозори «Корвон» аз рафтори тоҷирони чиноӣ изҳори нигаронӣ мекунанд

            Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Гурӯҳи занони соҳибкори бозори «Корвон» иборат аз 50 нафар ба Ассотсиатсияи занон – соҳибкорони «Кадбону» бо мактуб муроҷиат намуда, изҳор доштаанд, ки ҷойи онҳоро дар бозор танг месозанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ассотсиатсия Сабоҳат Раҳимзода иттилоъ дод, занон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Гурӯҳи занони соҳибкори бозори «Корвон» иборат аз 50 нафар ба Ассотсиатсияи занон – соҳибкорони «Кадбону» бо мактуб муроҷиат намуда, изҳор доштаанд, ки ҷойи онҳоро дар бозор танг месозанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ассотсиатсия Сабоҳат Раҳимзода иттилоъ дод, занон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки тадриҷан ҷойҳои фурӯши онҳоро тоҷирони чиноӣ соҳиб шуда, онҳо бидуни қайди макони будубош ва қочоқи маҳсулот дар бозор ба савдо машғуланд. «Занон ҳамчунин зикр карданд, ки аз ҷониби тоҷирони Чин нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир гардида, ман худам шахсан пас аз шиносоӣ бо вазъ бевосита дар бозор ба ин гуфтаҳо бовар ҳосил кардам ва чунин ҳолат бештар дар фурӯшгоҳҳои матоъ ба мушоҳида мерасад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда чунин мешуморад, ки «муроҷиати занон натанҳо арзи дили онҳост, балки ошкоро вайрон кардани талаботи меъёрҳои таъмини амнияти кишвар аст». «Бо такя ба муроҷиатнома мо унвонии президенти ҷумҳурӣ, мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ мактуб ирсол кардем ва дар посух моро Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дастгирӣ кард, вале кормандони масъули бозор ба занон таҳдид кардаанд, ки онҳо метавонанд умуман дар бозор аз ҷойи корӣ маҳрум карда шаванд», – изҳор дошт вай.




           

С.Раҳимзода афзуд, бо мақсади дастгирии занон ассотсиатсия аз номи худ дар бозор ҷойи фурӯш харидорӣ намуда, ба онҳо пешкаш хоҳад кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.