Душанбе рӯзи пойтахтро ҷашн гирифт

Бахшида ба ин ҷашн дар пойтахт як қатор чорабиниҳо баргузор гаштанд, аз ҷумлаи чорабинии варзишӣ  – дуввумин марафони байналмиллалӣ ва мусобиқаи байналмиллалии теннис мебошанд. Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба «АП» хабар дод, дар марафон (дар масофаи 21 км 97 метр) намояндагони тамоми манотиқи кишвар ва пойтахтҳои давлатҳои ҳамсуд ширкат варзиданд. Марафон аз хиёбони […]

admin

Бахшида ба ин ҷашн дар пойтахт як қатор чорабиниҳо баргузор гаштанд, аз ҷумлаи чорабинии варзишӣ  – дуввумин марафони байналмиллалӣ ва мусобиқаи байналмиллалии теннис мебошанд.

Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба «АП» хабар дод, дар марафон (дар масофаи 21 км 97 метр) намояндагони тамоми манотиқи кишвар ва пойтахтҳои давлатҳои ҳамсуд ширкат варзиданд.

Марафон аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ шурӯъ шуда тавассути Чорбоғ, Боғи ботаникӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, дар майдони марказии Дӯсти ба анҷом расид.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, барои баргузории марафон дар сатҳи зарурӣ аз фонди захиравии раиси шаҳр  178,4 ҳазор сомонӣ (муодили наздики 40 ҳазор доллар) чудо карда шуд.

Барандагони сабқатро бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонданд.  Барои ҷойи аввал 3,5 ҳазор, ҷойи дуюм 3 ҳазор ва ҷойи сеюм 2,5 ҳазор доллар дода шуд.

Инчунин озмуни маҳаллаи беҳтарин, меҳмонхонаи беҳтарин, беҳтарин директори мактаб, боғчаи кӯдакона, муррабӣ, омӯзгор, соҳибкор, ронандаи нақлиёти мусофирбар ва дигарон ҷамъбаст гардид.

Ҳамзамон дар пойтахт рӯзҳои навоҳи ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешаванд, хабар доданд дар шаҳрдорӣ.

Дар боғи «Дӯстии халқҳо» рӯзи ноҳияи Файзобод  ва дар хиёбони ба номи Мироненко рӯзи шаҳри Турсунзода баргузор гашт.

Рӯзи пойтахт дар Тоҷикистон ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...