Мақомоти шаҳрдории Душанбе нархи гӯштро танзим мекунад

Душанбе. 11-уми май. Азия-Плюс — Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри танзими нархи гӯшт дар бозорҳои пойтахт ба 20 нафар соҳибкороне, ки ба фурӯши гӯшт дар пойтахт машғуланд, аз ҳисоби буҷаи шаҳрдорӣ ба ҳар кадоме ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ қарзи бефоиз ҷудо карда шуд. Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 11-уми май. Азия-Плюс — Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри танзими нархи гӯшт дар бозорҳои пойтахт ба 20 нафар соҳибкороне, ки ба фурӯши гӯшт дар пойтахт машғуланд, аз ҳисоби буҷаи шаҳрдорӣ ба ҳар кадоме ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ қарзи бефоиз ҷудо карда шуд.

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, бо ин мақсад ба чуз соҳибкорон, ҳамчунин ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба маблағи 2 млн сомнӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бозорҳо ва савдои Душанбе» дар ҳаҷми 1 млн. сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст. «Маблағҳои мазкур баҳри танзими нархи гӯшт дар бозорхои пойтахт нигаронида шуда, тибқи пешбинии мақомоти шахрдорӣ миёнаи ҳафтаи равон нархи гӯшт дар шаҳри Душанбе пурра танзим хоҳад шуд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бо назардошти мониторинги нархгузорӣ дар бозорҳои пойтахт, ахири ҳафтаи гузашта раиси пойтахт тавсия дода буд, ки гӯшти гов бо қимати 23 сомонӣ ва ва гӯшти гӯсфанд бо қимати 24 сомонӣ фурӯхта шавад, вале арзиши он дар бозорҳои пойтахт мутаносибан 27-28 сомониро ташкил медод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.