Бонки ҷаҳонӣ натоиҷи нахустини ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун»-ро пешниҳод намуд

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс —Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ доир ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии ин бонк доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла […]

Азия-Плюс

Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс —Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ доир ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии ин бонк доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти ташхиси техникӣ иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун, омўзиши таъсири иҷтимоӣ- экологии ин иншоот ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

 Тавре зикр гардид, натиҷаи марҳилаи аввали ташхис доир ба корҳои дар зарфи 30 соли гузашта анҷомёфта ҳафтаи равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд ва натиҷаҳои марҳилаи дуюм тирамоҳи соли равон омода хоҳад шуд.

 Иттилоъ дода шуд, ки ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаи нерўгоҳи Роғун ва натиҷаҳои марҳилаи аввали ташхиси он зимни нишасти намояндагони ҳукуматӣ ва аҳли ҷомеаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки ҳафтаи оянда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Алматои қазоқистон доир мегардад,  баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфти Теодор Алерс, ҳадаф аз ташхиси ҳамаҷонибаи лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун ва ҳам муҳокимаи ин мавзўъ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор «дарёфти беҳтарин роҳҳои қобили қабул ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти сангини энергетикии Тоҷикистон мебошад». 

 Бо назардошти иштироки ширкатҳо ва коршиносони муътабари ҷаҳонӣ дар ташхиси лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаи кори онҳо ба баҳсу мунозираи кишварҳои минтақа атрофи ин мавзўъ хотима мегузорад.

 Рафти ташхиси техникӣ-иқтисодии лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати барқии КАСА – 1000 низ аз мавзўъҳои сўҳбат буд.

 Таваҷҷўҳи зиёд ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шароити болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ зоҳир карда шуд.

Зикр гардид, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ду грант ҷудо карда мешавад, ки яке ба дастгирии буҷети давлатӣ ва дувумӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд равона хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.