Дарёфти пинҳонгоҳи аслиҳа дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ

Душанбе, 13-уми май. «Азия-Плюс» — Дар наздикии мавзеи баргузории амалиёти махсуси чанде қабл зидди гурӯҳи Мулло Абдулло дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ як пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор карда шуд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дирӯз, 12-уми майи соли ҷорӣ, кормандони милиса зимни азназаргузаронии деҳаи Шербегиёни ҷамоати Самсолиқи нохияи Нуробод ду автомати Калашникови қутрашон 7,62 […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе, 13-уми май. «Азия-Плюс» — Дар наздикии мавзеи баргузории амалиёти махсуси чанде қабл зидди гурӯҳи Мулло Абдулло дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ як пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор карда шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дирӯз, 12-уми майи соли ҷорӣ, кормандони милиса зимни азназаргузаронии деҳаи Шербегиёни ҷамоати Самсолиқи нохияи Нуробод ду автомати Калашникови қутрашон 7,62 мм-ро дарёфт кардаанд. «Худи ҳамон рӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Боғи Ғалабаи пойтахт таппончаи Макаровро дарёфт намуда, ҳамчунин сокини ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ихтиёран яроқи шикории худро ба мақомот супоридааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, нигаҳдории аслиҳа дар дасти аҳолӣ ба ҳодисаҳои фоҷеабор боис мегардад ва яке аз чунин ҳодисаҳои рӯзи 11-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳии Мастчоҳи вилояти Суғд рух дода, С. Ҳоҷиқурбони 28-сола аз таппончаи Макаров ба Ш.Сайфиддини 30-сола якчанд тир холӣ мекунад, ки ахирӣ бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, соли равон дар Тоҷикистон 513 адад аслиҳаи оташфишон ва муҳимот – 122 автомат, 90 таппонча, 51 норинҷакафкан, 254 норинҷак ва дигар маводи тарканда дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.