Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Санкт-Петербург

Душанбе. 13-уми май. «Азия-Плюс» —Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Мирганд Шаҳбозов ба шаҳри Санкт-Петербург рафт. Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ба ҳайати мазкур раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод, Хайринисо Юсуфӣ, вакилон Амирхон Сафаров, Хадича Ҳакимова ва Рустам Латифов шомил […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 13-уми май. «Азия-Плюс» —Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Мирганд Шаҳбозов ба шаҳри Санкт-Петербург рафт.

Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ба ҳайати мазкур раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод, Хайринисо Юсуфӣ, вакилон Амирхон Сафаров, Хадича Ҳакимова ва Рустам Латифов шомил буда, онҳо дар кори ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва ҷаласаи навбатии Ассамблеяи банипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ширкат хоҳанд варзид.

Ба қавли мавсуф, ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) низ иштирок хоҳанд кард. «Дар ҷаласа Мирганд Шаҳбозов дар мавзӯи «Таъмини ҳуқуқии дастгирии давлатии истеҳсолоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ хоҳад кард», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, аз 10 то 13-уми майи соли ҷорӣ муовини раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғаффорова дар шаҳри Минск дар мулоқоти роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.