Имкони захираи дусолаи маҳсулоти ғизоиро доред?

Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз сокинони кишвар даъват ба амал овард, то барои ду соли наздик озуқа захира намоянд, ки  аскари сокинони пойтахт иҷрои ин пешниҳодро ғайримумкин медонанд. Ҳарчанд ағлаби шаҳрвандон хоҳиши барои хонаводаашон захираи маводи ғизоиро доранд, аммо камии маош ва баланд будани нархи маҳсулот дар бозор дар ин кор ба онҳо […]

Asia-Plus

Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз сокинони кишвар даъват ба амал овард, то барои ду соли наздик озуқа захира намоянд, ки  аскари сокинони пойтахт иҷрои ин пешниҳодро ғайримумкин медонанд.

Ҳарчанд ағлаби шаҳрвандон хоҳиши барои хонаводаашон захираи маводи ғизоиро доранд, аммо камии маош ва баланд будани нархи маҳсулот дар бозор дар ин кор ба онҳо монеа мешавад.

Аз сӯи дигар онҳое, ки дар манзилҳои баландошёна ба сар мебаранд, барои нигаҳдории озуқа шароити муносиб надоранд.

Нарзулло Файзиев, як сокини пойтахт, мегӯяд, ӯ барои оилааш танҳо барои як моҳ орду биринҷ ва шакару равғанро метавонад захира кунад. Зеро аз як сӯ тавони харидории бештари ин маҳсулотро надошта бошад, аз ҷониби дигар барои нигаҳдории озуқа дар шароити хонаҳои танги баландошёна  ҷой надорад.

Чун дар манзили сеҳуҷраӣ 7 нафар зиндагӣ мекунанд ва ҳатто таҳхона низ надоранд. Ин мусоҳиби мо афзуд, аксар вақт аз зиёд будани намӣ дар манзил орду биринҷ кирм мекунанд ва ғайри қобили истеъмол мешаванд.

Аммо Давлатбек Холиқов ба фарқ аз мусоҳиби қаблии мо соҳиби манзили заминист ва мегӯяд, роҳат метавонд дар манзили худ захираи чандсолаашро нигаҳ дорад. Ҳамчунин, ба хубӣ аз тарзи нагаҳдории ғизо барои дарозмуддат огоҳ аст. Масалан, ба гуфтаи вай барои он ки орду биринҷ кирм накунад, ба он намкаро омехта кардан лозим ва барои нагандидани пиёзу сабзӣ ва картошка бояд онҳоро дар чоҳ нигаҳ дошт. Вай меафзояд, замоне ҳатто то 5 тонна картошкаро дар манзилаш захира  мекард, вале ҳоло нафақапулие, ки ӯ дарёфт мекунад, ҳатто ба харидории як халта орд намерасад.

Ба гуфтаи Давлатбек Холиқов, дар назди ҳавлияш як замини хурде дорад, ки пайваста дар он  сабзавот мекорад,ва мавсимӣ ҳам бошад, аз сабзавоти худӣ истифода мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.