Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар соҳили рӯдхонаи Душанбе ҷасади тифли навзоди ҷинсаш занро дарёфт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, аз рӯйи ин далел тафтишот оғоз гардида, онро зарур аст, ки сабабҳои марги тифл, шахсияти ӯ ва афроди дар ин амал дастдоштаро муайян намояд.
«Бо натиҷагирӣ аз баргузории чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ масъалаи оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи ин далел ҳал хоҳад шуд», – афзуд номбурда.








