Қарзи аҳолии минтақаи ҷануби кишвар аз барқ ба 15 млн. сомонӣ наздик мешавад

Кӯлоб. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Аз маблағи 6 млн. 397 ҳазору 370 сомонии барқи аз оғози сол истифодашуда аҳолии шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб ҳамагӣ 3 млн. 716 ҳазору 192 сомонӣ пардохт кардаанд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мудири муассисаи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Шарифов иттилоъ дод, тӯли чандин сол аҳолии шаҳр пурра маблағи […]

Кӯлоб. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Аз маблағи 6 млн. 397 ҳазору 370 сомонии барқи аз оғози сол истифодашуда аҳолии шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб ҳамагӣ 3 млн. 716 ҳазору 192 сомонӣ пардохт кардаанд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мудири муассисаи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Шарифов иттилоъ дод, тӯли чандин сол аҳолии шаҳр пурра маблағи истифодаи барқро пардохт намекунанд ва аз ҳаҷми қарзи умумии 18 млн. сомонӣ (бо назардошт қарзи солҳои пешин) қариб 15 млн. сомониаш қарзи аҳолӣ аст. «Ахиран ҳодисаҳои ғайриқонунӣ васл кардан ба хатҳои барқ бидуни ҳисобкунак ва дигар қонуншиканиҳо ошкор шуданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, айни замон ҷиҳати пурра ба қайд гирифтани ҳисобкунакҳои барқӣ, иваз намудани онҳо ба ҳисобкунакҳои нав ва аз дохили хона ба панҷараҳои истифодаи умум баровардани ҳисобкунакҳо корҳои зиёде ба сомон расонида мешавад. «То ахири сол танҳо дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб  мебояд то 6 ҳазор ҳисобкунаҳои барқиро иваз кард», – иброз дошт мавсуф.

Дар шарҳи маблағи қарзи корхонаҳои буҷавӣ Ҷ.Шарипов изҳор дошт, ки аз ҳама бештар беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб қарздор аст, ки қарзи он аз оғози сол 12,6 ҳазор сомонӣ аст. «Ба беморхона барои хароҷоти барқ 3 ҳазор сомонӣ барои як сол ҷудо кардаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки қарзи умумии он 21 ҳазор сомониро ташкил дода, боз 7 моҳи соли равон низ дар пеш аст», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.