Боздошти 20 мухлиси дастаи «Равшан» дар Кӯлоб

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари бетартибиҳои оммавии рухдода дар Кӯлоб, ки пас аз анҷоми вохӯрии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе ба вуқӯъ пайваст, 10 нафар осеб диданд. Мухлисони дастаи «Равшан» дар шикасти дастаашон доваронро гунаҳкор медонанд, ки гӯё ба нафъи душанбегиҳо фаъолият мекардаанд. Тавре ба ОИ […]

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари бетартибиҳои оммавии рухдода дар Кӯлоб, ки пас аз анҷоми вохӯрии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе ба вуқӯъ пайваст, 10 нафар осеб диданд.

Мухлисони дастаи «Равшан» дар шикасти дастаашон доваронро гунаҳкор медонанд, ки гӯё ба нафъи душанбегиҳо фаъолият мекардаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20 нафар иштирокчиёни бетартибиҳои оммавиро боздошт кардаанд. «Дар бетартибиҳо оммавӣ мухлисони дастаҳо иштирок карда, бар асари он 10 нафар бо ҷароҳатҳои миёнаву сабук ба беморхона бурда шудаанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, 20 нафар иштирокчиёни бетартибиҳо боздошт ва ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб оварда шудаанд. «Аз рӯйи ин далел мутобиқ моддаи «Авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз гардида, айни замон корҳои тафтишотӣ анҷом дода мешаванд», – иброз дошт вай.

Номбурда афзуд, дар ин ҳодиса ҳеҷ яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва варзишгарон осеб надидаанд.

Ёдрас мекунем, ки шоми дирӯз пас аз анҷоми бозӣ миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони варзишии шаҳри Кӯлоб, ки бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 1 бар сифр ба охир расид, бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

Ба гуфтаи як шоҳиди ҳодиса, мухлисони дастаи «Равшан» ба фаъолияти доварон, ки ба ақидаи онҳо он ба шикасти дастаашон боис гардидааст, ба таври ошкоро ба изҳори норозигӣ оғоз кардаанд. «Кормандони милиса кӯшиш карданд, ки зӯран мухлисони норозиро аз майдон берун бароранд, вале чанде аз мухлисон ба ин тан надода, муқобилият нишон доданд, – мегӯяд ӯ. – Дарҳол чанд таркише рух дода, осеб дидани мухлисон аз эҳтимол дур нест».

Як манбаъ аз мақомоти қудратӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки баҳри пешгирии бетартибиҳои оммавӣ кормандони милиса аз воситаҳои махсус, аз қабили гази ашковар, таркишҳои огоҳкунанда ва ғайра истифода бурдаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.