Оғози кори нишасти ҷашнии СҲШ дар Остона

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Остона нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 10-солагии таъсиси созмон бахшида шудааст, ба кор шурӯъ кард. Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қазоқистон, имрӯз нахуст баргузории ҷаласаи расмии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар назар буда, сипас ба онҳо сарварони ҳайатҳои кишварҳои нозири созмон – Ҳиндустон, […]

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Остона нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 10-солагии таъсиси созмон бахшида шудааст, ба кор шурӯъ кард.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қазоқистон, имрӯз нахуст баргузории ҷаласаи расмии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар назар буда, сипас ба онҳо сарварони ҳайатҳои кишварҳои нозири созмон – Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон ҳамроҳ мешаванд.

Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва президенти Туркманистон ба Остона ба сифати меҳмонон даъват карда шудаанд.

Дар нишаст натиҷаҳои фаъолияти СҲШ дар тӯли даҳ соли сипаришуда таҳлил ва дурнамои рушди минбаъдаи он баррасӣ шуда, ҳамчунин атрофи маҷмӯи масоили вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа табодули афкор сурат хоҳад гирифт. Аз рӯйи натиҷаҳои нишаст қабули Эъломияи даҳсолагии СҲШ дар Остона дар назар аст. Пас аз анҷоми нишаст раёсати созмон ба мӯҳлати як сол аз Қазоқистон ба Чин вогузор мегардад.

Ба нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона сарони кишварҳои Русия, Чин, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва аъзои ҳайатҳои расмӣ ташриф овардаанд.

Ба ҳайати СҲШ Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд. Эрону Ҳиндустон ва Муғулистону Покистон дар ин созмон мақоми кишварҳои нозирро доранд. Айни замон кишварҳои Ҳиндустону Покистон ва Эрон ҷиҳати узвият ба созмон расман муроҷиат кардаанд. Афғонистон баҳри ба кишвар додани мақоми кишвари нозир ба СҲШ муроҷиат кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.