Чин ба Тоҷикистон 120 млн. юан кӯмаки бебозгашт ҷудо мекунад

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао мулоқот намуд.  «Боиси қаноатмандӣ аст, ки имрўз хислати фарқкунандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сатҳи баланди ҳамгироӣ ва боварӣ мебошад», – изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати […]

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао мулоқот намуд.

 «Боиси қаноатмандӣ аст, ки имрўз хислати фарқкунандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сатҳи баланди ҳамгироӣ ва боварӣ мебошад», – изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

 Ху Ҷинтао омодагии устувори ҷониби Чинро ба дастгирии рушди ҳамаҷонибаи кишвари мо таъкид намуда, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин имсол барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дар баробари дигар тадбирҳои судбахш, 120 миллион юан кўмаки бебозгашт ҷудо мекунад.

 Ҷониби Чин, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли 2012 ба муносибати 20 – солагии барпошавии муносибатҳои  дипломатӣ бо Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди идона дар ҳарду кишвар ба роҳ монда шаванд.

 Дар мулоқот атрофи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

 Аз сатҳи баланди ҳамгироии миёни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла доир ба пурзўр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Ҳамгироии Тоҷикистону Чин дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай низ боиси қаноатмандӣ арзёбӣ гардид. Тазаккур дода шуд, ки лоиҳаҳои сершумори калонҳаҷм дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, ки дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, самараи ҳамгироӣ дар чаҳорчўби ҳамин созмони бонуфузи минтақавӣ аст.

 Хотиррасон гардид, ки имрўз беш аз 50 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад ва мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар зарфи 5 соли охир 14 баробар афзоиш ёфтааст. «Чин дар миёни шарикони хориҶии тиҷоратии Тоҷикистон пешсаф буда, аз ҷиҳати ҷалби соҳибкорони хусусӣ бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди кишвари мо ба шумор меравад», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

 Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла доир ба ҷорӣ намудани таҷрибаи обёрии қатрагии заминҳои корам ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ зарур шумурда шуд.

 Аз ҷониби Чин изҳор гардид, ки ба наздикӣ барои баррасии муфассали ин масъала Вазири кишоварзии ин кишвар ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

 Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия изҳори ҳавасмандӣ карданд. Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.