Профессор Умаров: Ҳукумат ба баъзе маҳсулот бояд нархҳои муайян ҷорӣ созад

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» – | Доктори улуми иқтисодӣ, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки дар вазъи кунунӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муқаррар сохтани нархҳо ба баъзе маҳсулоту навъҳои хизматгузорӣ чораи саривақтӣ ва зарурӣ аст. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» профессор гуфт, вале ин чора бояд муваққатан ҷорӣ карда шавад, яъне пас […]

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» – | Доктори улуми иқтисодӣ, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки дар вазъи кунунӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муқаррар сохтани нархҳо ба баъзе маҳсулоту навъҳои хизматгузорӣ чораи саривақтӣ ва зарурӣ аст.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» профессор гуфт, вале ин чора бояд муваққатан ҷорӣ карда шавад, яъне пас аз мӯътадил шудани вазъ боз метавон ба нархгузории иқтисоди бозаргонӣ баргашт.

Ба ақидаи Умаров, ин чораҳо маъмулан баҳри ҳифзи қишри осебпазири аҳолӣ аз фишори таваррум пеш гирифта мешаванд. «Чунин таҷрибаҳо дар таърихи иқтисоди ҷаҳон истифода шудаанд, – мегӯяд олим. – Масалан, солҳои 30-юми асри гузашта дар ИМА ва солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар чанде аз кишварҳои олам аз ин таҷриба муваффақона истифода шудааст».

Профессор афзуд, ин таҷрибаи санҷида аст ва дар вазъи кунунӣ истифодаи он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ зарур аст.

Ёдрас мекунем, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати кишвар ҷорӣ сохтани танзими давлатии нархҳо ба баъзе маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия барои ҷомеаро пешниҳод месозад ва кормандони ин хадамот лоиҳаи муқаррарот, тартиби ташаккул ва истифодаи нархҳои озод ба маҳсулот ва навъҳои хизматгузориро таҳия кардаанд. Дар ин лоиҳа муқаррар кардани маблағи иловаи фурӯши чакана ба баъзе маҳсулот пешниҳод мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.