Задухӯрди мухлисони дастаи «Равшан» бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Шоми дирӯз пас аз анҷоми бозӣ миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони варзишии шаҳри Кӯлоб, ки бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 1 бар сифр ба охир расид, бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Ба гуфтаи як шоҳиди ҳодиса, мухлисони дастаи «Равшан» ба фаъолияти доварон, ки ба […]

Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Шоми дирӯз пас аз анҷоми бозӣ миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони варзишии шаҳри Кӯлоб, ки бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 1 бар сифр ба охир расид, бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

Ба гуфтаи як шоҳиди ҳодиса, мухлисони дастаи «Равшан» ба фаъолияти доварон, ки ба ақидаи онҳо он ба шикасти дастаашон боис гардидааст, ба таври ошкоро ба изҳори норозигӣ оғоз кардаанд. «Кормандони милиса кӯшиш карданд, ки зӯран мухлисони норозиро аз майдон берун бароранд, вале чанде аз мухлисон ба ин тан надода, муқобилият нишон доданд, – мегӯяд ӯ. – Дарҳол чанд таркише рух дода, осеб дидани мухлисон аз эҳтимол дур нест».

Айни замон намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шарҳи ҳама гуна тафсилоти воқеъа худдорӣ варзида, мегӯянд, феълан вазъ дар Кӯлоб пурра таҳти назорат аст. Як манбаъ аз мақомоти қудратӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки баҳри пешгирии бетартибиҳои оммавӣ кормандони милиса аз воситаҳои махсус, аз қабили гази ашковар, таркишҳои огоҳкунанда ва ғайра истифода бурдаанд.

Сарчашма дар бораи шумори осебдидагон маълумоти дақиқ надорад, вале тибқи баъзе маълумот, шумори ҷароҳатбардоштагону боздоштшудагон шояд даҳҳо нафарро ташкил диҳад.


Акс аз www.ozodi.org

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.