Гумонбарии корманди Агентии зиддифасоди Суғд ба порагирӣ дар ҳаҷми 3,5 ҳазор $

Хуҷанд. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корманди Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд ба гирифтани пора дар ҳаҷми 3,5 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати мазкур Ҳусейн Оқилов хабар дод. Ба қавли ӯ, дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корманди Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд ба гирифтани пора дар ҳаҷми 3,5 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати мазкур Ҳусейн Оқилов хабар дод.

Ба қавли ӯ, дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 319, қ 4-и КҶ ҶТ (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Ҳарчанд корманди агентӣ Р.Г. шахсан пораро дар ҳаҷми 3,5 ҳазор доллари ИМА нагирифта бошад ҳам, миёнарав тасдиқ мекунад, ки ӯ ин маблағро барои Р.Г. аз сокини ноҳияи Ашт барои қатъи парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 247, қ. 3-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гирифтааст», – мегӯяд Оқилов.

Номбурда ҳамчунин афзуд,, тафтишот муайян хоҳад кард, ки корманди агентӣ гунаҳкор аст ё миёнарав маблағро барои худаш гирифтааст.

Бино ба маълумоти Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 22 далели ришваситонии шахсони мансабдор ба қайд гирифта шудааст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.