Қадрдонии роҳбари «Билайн» бо медали «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон»

Сергей Миронов, директори генералии ҶДММ «Таком», ки дар Тоҷикистон таҳти тамғаи тиҷоратии Beeline хизматгузориҳои алоқаи мобилиро пешниҳод месозад, бо медали «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати мазкур, ин мукофоти баланд аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 5-уми феврали соли 2003 таъсис дода шуда ва Сергей Миронов ба он барои […]

Пайрав Чоршанбиев


Сергей Миронов, директори генералии ҶДММ «Таком», ки дар Тоҷикистон таҳти тамғаи тиҷоратии Beeline хизматгузориҳои алоқаи мобилиро пешниҳод месозад, бо медали «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати мазкур, ин мукофоти баланд аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 5-уми феврали соли 2003 таъсис дода шуда ва Сергей Миронов ба он барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди алоқаи мобилӣ дар бозори Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Маросими супоридани мукофот рӯзи 7-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардид. Сергей Миронов медалро аз дасти раиси Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалиси шаҳри Турсунзода Ҷӯрабой Холов қабул кард.

Дар ҶДДМ «Таком» шарҳ доданд, ки маҳз Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Турсунзода аз Вазорати мудофиа дархост кардааст, ки ба Миронов ин мукофот тақдим гардад. «Муддати зиёде мо бо ширкати Beeline ҳамкорӣ дошта, сатҳи хизматгузории онро қобили қабул мешуморем ва минбаъд низ дар амалисозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ҳамкориҳоро идома хоҳем дод», – гуфт дар маросими супурдани мукофот Ҷ. Холов.

Сергей Миронов бар ин назар аст, ки «ин мукофоти ҳамаи кормандони воҳидҳои ширкат ва гувоҳи ҳамкории муштараки муваффақ тӯли панҷ сол дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон аст».

«Ба туфайли амалисозии як қатор лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таҳияи маҳсулоту хизматгузории қобили қабул, ба мо муяссар шуд, ки эътимоди мардуми ҷумҳуриро ба даст оварем», – афзуд С. Миронов. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.