Аксияи «Дӯстатро аз чанголи героин раҳо намо» дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони шартии «Дӯтатро аз чанголи героин рҳо намо» як аксия доир шуда истодааст. Созмондеҳи он – ташкилоти ҷамъиятии «Анис» аст. Аксия дар чаҳорҷӯби лоиҳаи аз ҷониби USAID маблағгузоришуда таҳти унвони «Муколама оид ба ВНМО (ВИЧ) ва бемории сил» мегузарад. Ба гуфтаи роҳбари ташкилоти «Анис» Идимо Холмуродова, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Консорсиуми […]

Турко Дикаев


Дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони шартии «Дӯтатро аз чанголи героин рҳо намо» як аксия доир шуда истодааст. Созмондеҳи он – ташкилоти ҷамъиятии «Анис» аст. Аксия дар чаҳорҷӯби лоиҳаи аз ҷониби USAID маблағгузоришуда таҳти унвони «Муколама оид ба ВНМО (ВИЧ) ва бемории сил» мегузарад.

Ба гуфтаи роҳбари ташкилоти «Анис» Идимо Холмуродова, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Консорсиуми шарикон таҳти сарварии Population Services International (PSI) дар тамоми 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди амалӣ гардидан қарор дорад.

«Бобати самаранокии пешбурди лоиҳа метавон аз таҷрибаи худ мисол овард, зеро дар тӯли 2 соли нопурра дар доираи амалисозии лоиҳа дар шаҳри Кӯлоб маркази барқарорсозӣ барои 10 ҷой арзи вуҷуд намуда, барои кормандони иҷтимоии машғул бо истеъмолгарони маводи нашъаовар тариқи сӯзандору, кормандони масъул ба пешгирии фоҳишагарӣ, беморони ВИЧ ва қишрҳои дигари аҳолии бештар осебпазири гирифторшавӣ ба ин бемориҳо тамоми шароитҳо муҳайё шудаанд.

«Дар муддати амалисозии лоиҳа ҳудуди 100 нафар беморони гирифтори нашъамандӣ табобат ёфта, даҳҳо нафар беморони гирифтори ВИЧ ошкор ва ба садҳо нафар беморони гирифтори касалии сил дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ хеле беҳтар карда шуд», – таъкид кард ӯ.

«Аксари беморони истеъмолгари маводи нашъаовар тариқи сӯзандору, ки дар маркази мо табобат гирифтанду имрӯз ба ҳаёти солим баргаштаанд, айни замон ҳамроҳи мо дар ин аксия иштирок доранд ва шиори «Дӯстатро аз чанголи героин раҳо намо»-ро ҳам маҳз онҳо пешниҳод карданд», – афзуд роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Анис».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.