Манъи донишҷӯёни туркман аз таҳсил дар хориҷи кишвар

– Шурӯъ аз 1-уми август ҳукуматдорони Туркманистон таҳсили шаҳрвандони ҷавони худ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро манъ карданд, – иттилоъ медиҳад «Хроника Туркменистана». Бино ба маълумоти оҷонсии интернетии мазкур, «ҷавонони туркманро бидуни ҳеҷ шарҳе аз гузаргоҳи «Фароб»-и ҳаммарз бо Ӯзбекистон ба хонаҳояшон бозпас мегардонанд». Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари ректори Донишгоҳи омӯзгории […]

Фирӯз Умарзода


– Шурӯъ аз 1-уми август ҳукуматдорони Туркманистон таҳсили шаҳрвандони ҷавони худ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро манъ карданд, – иттилоъ медиҳад «Хроника Туркменистана».

Бино ба маълумоти оҷонсии интернетии мазкур, «ҷавонони туркманро бидуни ҳеҷ шарҳе аз гузаргоҳи «Фароб»-и ҳаммарз бо Ӯзбекистон ба хонаҳояшон бозпас мегардонанд».

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Қутбиддин Фатҳуллоев гуфт, айни замон дар ин донишгоҳ беш аз 1600 нафар донишҷӯёни туркман таҳсили илм доранд, аммо соли равон пас аз таътили тобистона шумори бениҳоят ками онҳо ба дарсҳо ҳозир шудаанд.

«Чанде қабл сафорати Туркманистон дар шаҳри Душанбе донишгоҳи моро огоҳ сохт, ки донишҷӯёни туркман ҳатман ба таҳсил ҳозир мешаванд, – гуфт Қ. Фатҳуддинов. – Перомуни бо кадом сабаб манъ кардани таҳсили донишҷӯёни туркман дар кишвари мо чизе маълум нест».

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати саривақт барнагаштан ва ҳузур надоштан дар миқдори муайяни машғулиятҳо, онҳо аз донишоҳ хориҷ карда хоҳанд шуд.

Ҳодисаҳои ба ин монанд қаблан ҳам ба вуқӯъ пайваста буданд. Соли 2009 ҳукуматдорони Туркманистон ба таҳсили илми ҳудуди 160 нафар донишҷӯёни туркман дар Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Бишкек воқеъ аст, низ монеъ шуда буданд. Онҳоро ба рӯйхати «хурӯҷашон аз кишвар манъ» шомил гардонида ва танҳо бо гузашти якуним сол ва ба туфайли инъикоси мунтазами ин масъала дар ВАО, инчунин фишори дипломатҳои амрикоӣ ҳукуматдорони Туркманистон ба идомаи таҳсили онҳо дар Булғория ва шаҳри Санкт-Петрбурги Русия иҷозат доданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.