Ифтитоҳи консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа

Дар рӯзи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия маросими расмии ифтитоҳи консулгарии генералии Тоҷикистон дар ин шаҳр баргузор шуд. Бино ба иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба суханони консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Содиқ Имомов, дар қаламрави Бошқирдистон ва дигар манотиқи назди Приволже шумори зиёди тоҷикистониён кору фаъолият доранд […]

Asia-Plus


Дар рӯзи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия маросими расмии ифтитоҳи консулгарии генералии Тоҷикистон дар ин шаҳр баргузор шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба суханони консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Содиқ Имомов, дар қаламрави Бошқирдистон ва дигар манотиқи назди Приволже шумори зиёди тоҷикистониён кору фаъолият доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки намояндагиҳои дипломатии наздиктарини Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Маскав ҷойгиранд. «Ин вазъ барои муҳоҷирон ҷиҳати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои буду бош ва гирифтани иҷозат барои кор мушкилиҳо эҷод месохт, аз ин рӯ, ифтитоҳи ин консулгарӣ мушкилоти зиёди муҳоҷиронро осон хоҳад кард», – гуфтааст ӯ.

Номбурда таъкид сохтааст, ки мақомоти раҳбарии Тоҷикистон Бошқирдистонро ба сифати яке аз шарикони стратегӣ унвон мекунанд. Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Бошқирдистон 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст ва он тамоили болоравиро касб кардааст.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати ҳавзаи консулгарӣ бо марказ дар шаҳри Уфа 14 манотиқи наздик ба Бошқирдистон дохил мешаванд. Ояндаи наздик консулгарӣ масоили роҳандозии робитаи мустақим бо мақомоти раҳбарӣ ва вохӯриҳо бо шаҳрвандони тоҷики муқими ин манотиқро тарҳрезӣ намудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.