Даргузашти собиқ раиси парлумони ҷумҳурӣ Сафаралӣ Раҷабов

Шаби гузашта собиқ раиси Шӯрои Оии Тоҷикистон, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии даъвати кунунӣ Сафаралӣ Раҷабов бар асари бемории сактаи қалб дар сини 57-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими намози ҷанозаи ӯ дар масҷди ҷомеъи шаҳри Душанбе доир гардида, ҷасади ӯ дар оромгоҳи «Лучоб» ба хок супорида хоҳад […]

Аваз Юлдошев


Шаби гузашта собиқ раиси Шӯрои Оии Тоҷикистон, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии даъвати кунунӣ Сафаралӣ Раҷабов бар асари бемории сактаи қалб дар сини 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Маросими намози ҷанозаи ӯ дар масҷди ҷомеъи шаҳри Душанбе доир гардида, ҷасади ӯ дар оромгоҳи «Лучоб» ба хок супорида хоҳад шуд.

Сафаралӣ Раҷабов аз 16 марти соли 2010 дар вазифаи Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ кор мекунад Ӯ 2-юми сентябри соли 1955 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1977 Донишгоҳи педагогии Душанбе, соли 1989 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1971-1972 – коргари бригадаи совхози «Қалъаи дашт»-и ноҳияи Файзобод; солҳои 1972-1973 – коргари анбори тухми сабзавоти ноҳияи Файзобод; солҳои 1973-1977 – донишҷӯи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе; соли 1977 – муаллими мактаби миёнаи № 8-и ноҳияи Файзобод; солҳои 1977-1980 – сардори клуби варзишию техникии ДОСААФ-и н. Файзобод; солҳои 1980-1986 – директори комбинати байнимактабии таълимию истеҳсолии ноҳияи Файзобод; солҳои 1986-1990 – директори омӯзишгоҳи касбию техникии №24-и ноҳияи Файзобод; солҳои 1990-1991 – котиби Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, шаҳри Душанбе; солҳои 1991-1992 – муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, шаҳри Душанбе; солҳои 1992-1995 – Раиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, шаҳри Душанбе; солҳои 1995-2000 – Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе; аз январи соли 2000 то моҳи марти соли 2005 – Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 2005-2010 – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ; аз 16 марти соли 2010 – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.