Раиси пойтахти Туркия Убайдуллоевро ба Анқара даъват кард

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо Раиси шаҳри Анқара Мелиҳ Гӯкчек баргузор гардид. Тавре аз департамени иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳуӣ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи Эъломияи муштараки бародархондагии шаҳрҳои Душанбе ва Анқара ва Созишнома байни Ҳукуматҳои шаҳри Душанбе ва Анқара […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо Раиси шаҳри Анқара Мелиҳ Гӯкчек баргузор гардид.

Тавре аз департамени иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳуӣ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи Эъломияи муштараки бародархондагии шаҳрҳои Душанбе ва Анқара ва Созишнома байни Ҳукуматҳои шаҳри Душанбе ва Анқара дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ аз 11 декабри соли 2003, масъалаҳои гуногун, аз он ҷумла ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ, барқарорсозии боғи дӯстии Душанбе-Анқара дар шаҳри Душанбе, ташкил намудани бизнес-форуми соҳибкорони Душанбе ва Анқара, кушодани маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва корхонаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.

 Дар рафти мулоқот Мелиҳ Гӯкчек миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии номзадии шаҳри Анқара дар баргузоршавии намоишгоҳи ҷаҳонии “EXPO 2020”, ки 23 апрели соли 2020 дар мавзӯи “Кӯдакон ояндаи мо ҳастанд” бояд барпо шавад, баён намуд.

 Ҳамзамон, Мелиҳ Гӯкчек ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар ҳошияи Эъломияи муштараки бародархондагии шаҳрҳои Душанбе ва Анкара Раиси Ҳукумати шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо сафари расмӣ ба Анқара даъват кард.

3 октябри соли 2011 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо Волии Анқара Аладдин Юксел вохурӣ доир намуд.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимиёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тайёр намудани мутахассисони гуногунихтисос ва бо соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи вилояти Анқара омода намудани бизнес-форум баррасӣ гардид.

 Дар ҷараёни мулоқот А. Юксел ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва коркарди маъдан омодагии худро иброз дошт.

 Ҳамзамон, Волӣ ба роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Анқара ва Иттиҳодияи саноатчиёни Анқара ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар соҳаи сайёҳӣ, кишоварзӣ ва коркарди маъдан ташкил намудани сафари соҳибкорони Анқараро ба Тоҷикистон супориш дод.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.