Дар зарфи 9 моҳ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 9%-ро ташкил дод

Дар зарфи 9 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 9%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 10,3% ва дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 5,5% афзуда, афзоиши тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 10,1% зиёд шудаанд. Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 9 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 9%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ ба андозаи 10,3% ва дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ дар ҳаҷми 5,5% афзуда, афзоиши тарофаҳо ба хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ 10,1% зиёд шудаанд.

Суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1% (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,7%)-ро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ, моҳи сентябр нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,5% афзуданд, аз ҷумла қимати маҳсулоти ғизоӣ – 0,8%, дигар маҳсулоти ғайриғизоӣ -0,5% зиёд шуда, тарофаҳои хизматгузориҳои пулакӣ ба андозаи 1% поин рафтанд.

Ҳукумати кишвар ният дошт, ки то ахири сол сатҳи таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад, вале дар миёнаи сол он то ба 11% тасҳеҳ гардид.

Хазинаи байнулмилалии асъор пешбинӣ мкунад, ки имсол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 13,5%-ро ташкил дод. Соли гузашта сатҳи таваррум ба 9,8% баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, арзиши маҷмӯи маҳсулоти сабади истеъмолӣ барои як узви оила ба ахири моҳи июн 121 сомонӣ (25,4 $) ва дар ҳолати меъёри истеъмоли маҳсулоти серғизо 255, 85 сомонӣ (55,8 $)-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.