Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд. $-ро ташкил дод

Дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,4 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 98 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,4 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 98 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 88 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 951 млн. $-ро ташкил дода, дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои ҳаҷми воридот нисбат ба содирот 17% зиёд шудаанд.

Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 2 млрд. 326,9 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 27,5% бештар аст.

Дар зарфи 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти нахи пахта ба миқдори 42,9%, маҳсулоти минералӣ – 3,4 баробар ва металлҳои қимматбаҳо – 2,4 баробар афзуданд.

Аз оғози сол ҳаҷми содироти маснӯъоти текстилӣ ба андозаи 74,7%, маҳсулоти ғизойӣ – 40,3%, маҳсулоти таркиботи дорои рустанӣ – 39,3% ва маҳсулоти минералӣ – 16,2% зиёд шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.