Сарвари давлат ба пахтакорон изҳори миннатдорӣ намуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд. Тавре аз хадамои матбуои сарвари давлат хабар доданд, дар машварат натиҷаҳои фаъолияти 9 – моҳаи хоҷагии халқи кишвар, ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки […]

ASIA-Plus


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Тавре аз хадамои матбуои сарвари давлат хабар доданд, дар машварат натиҷаҳои фаъолияти 9 – моҳаи хоҷагии халқи кишвар, ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки ҳангоми сафарҳои дохилӣ дода шудаанд, баррасӣ шуд.

 Доир ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли равон гузориши Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин давра ба буҷети давлатӣ 6,1 миллиард сомонӣ ворид шуд ва ин баробар ба 103,1% нақшаи даромадҳо буда, 180,4 миллион сомонӣ аз нақша ва 1,8 миллиард сомонӣ аз ҳамин давраи соли 2010 зиёд мебошад.

 Зимни баррасии нишондодҳои соҳаи кишоварзӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки арзи сипос ва табрикоти ў ба пахтакорони кишвар расонда шавад. Тавре зикр гардид, имсол деҳқонони кишвар бо истифода аз таҷрибаи пешқадами агротехникӣ ва тухмиҳои серҳосили дохилию хориҷӣ, дар майдони 200 ҳазор гектар пахта кишт намуданд ва баъзе хоҷагиҳои пешқадам ҳосили фаровони рекордӣ – аз 35 то 50 сентнерӣ аз ҳар гектар ҷамъоварӣ карданд. 

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳосили боқимондаи пахта, ки ҳанўз дар замин зиёд аст, пурра ва беталаф ҷамъоварӣ карда шавад. Тибқи дурнамо имсол бояд 390 ҳазор тонна пахта ҷамоварӣ карда шавад.

 Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили шолӣ, картошка, меваю сабзавот, хўроки чорво, фаровон барои зимистон захира кардани онҳо ва ҳамчунин доир ба вусъат бахшидани кишти тирамоҳӣ дода шуд.

 Таъкид гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки  ҳангоми сафарҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Табошар, ҳисор, Кўлоб, Муъминобод, ҷамоати Шугноби ноҳияи Ховалинг ва ғайра дода шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

 Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар даҳҳо иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ғайра бунёд ёфта, ҳазорҳои ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.