Ҳиллари Клинтон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи 20-уми октябри соли равон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни сафари дурӯзаи Ҳилларӣ Клинтон гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Рӯзҳои 22-23-юми октябр котиби давлатии ИМА аз пойтахти Ӯзбекистон […]

ASIA-Plus


Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи 20-уми октябри соли равон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни сафари дурӯзаи Ҳилларӣ Клинтон гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Рӯзҳои 22-23-юми октябр котиби давлатии ИМА аз пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд боздид ба амал оварда, бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Ба андешаи коршиносон, сафари расмии котиби давлатии ИМА ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чун сафари намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистону Покистон дар аввали моҳи октябр ба бад шудани муносибатҳои ИМА ва Покистон дар бахши мубориза бо терроризм вобаста аст.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки аҳамияти «хатсайри шимолӣ» барои таъмини нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон бо маҳсулоти таъиноти ғайринизомӣ, ки тавассути қаламрави кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мегузарад, рӯз то рӯз муҳимтар мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.