Дуня Миятович аз Тоҷикистон боздид карданист

Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович изҳор кард, ки ӯ қазияи рӯзноманигорони тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов ва Ӯрунбой Усмоновро пайгирӣ дорад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ояндаи наздик рӯзноманигорон ба иҷрои вазифаҳои касбии худ мепардозанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, […]

Аваз Юлдошев

Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович изҳор кард, ки ӯ қазияи рӯзноманигорони тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов ва Ӯрунбой Усмоновро пайгирӣ дорад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ояндаи наздик рӯзноманигорон ба иҷрои вазифаҳои касбии худ мепардозанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Дафтари Созмони амнияту

ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, Миятович беқаророна сафараш ба Тоҷикистон ва мулоқот бо ҳукуматдорон, аҳли ҷомеа ва намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳуриро интизорӣ дорад.

«Ман хабари озодии Маҳмадюсуф Исмоилов ва Ӯрунбой Усмоновро бо қаноатмандӣ пазируфтам, вале он, ки рӯзноманигорон барои инъикоси мустақили рӯйдоди барои ҷомеа муҳим маҳкум шудаанд, боиси нигаронӣ аст ва умедворам, ки шикояти овардаи онҳо аз болои ҳукуми додгоҳ муваффақона анҷом мепазирад ва тамоми айбҳои онҳо бекор хоҳад шуд», – гуфта мешавад дар изҳороти Миятович.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14-уми октябр додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзноманигори ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро дар тӯҳмат ва барангехтани «низои маҳалгароӣ» гунаҳкор донист. Рӯзноманигор аз моҳи ноябри соли 2010 дар боздоштгоҳ қарор дошт ва тибқи ҳукми додгоҳ дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ (5,4 ҳазор Евро) ҷаримабандӣ гардида, дар муддати се соли минбаъд ба фаъолияти рӯзноманигорӣ даст заданаш манъ шуд.

Худи ҳамон рӯз дар минтақаи шимоли кишвар хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов барои иштирок дар кори созмони фаъолияташ манъшуда ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд, вале бинобар қонуни афв озод карда шуд.

Ҳар ду рӯзноманигор айбҳои ба онҳо пешниҳодшударо рад сохта, ҳалномаи додгоҳро дубора мавриди баррасӣ қарор доданианд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.