Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми беш аз 1 млрд. $ дар Тоҷикистон

Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 5 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 5,5% афзуд. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 5 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 5,5% афзуд. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ – 13,3%, саноати коркард – 64,7% ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об – 22%-ро ташкил дод.

Дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар ин давра ба маблағи зиёда аз 2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 19,3% бештар аст.

Дар корхонаҳои коркарди нахи пахта ҳаҷми кор дар ин давра беш аз 425 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2010 ба андозаи 14,4% зиёдтар аст.

Дар корхонаҳое, ки тобеъи Вазорати энергетика ва саноат нестанд, дар ин давра ба маблағи ҳудуди 945 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 11,5% бештар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.