Вакилони парлумон ба мушкилоти муҳоҷирини Санкт-Петербург расидагӣ карданд

Дар доираи иштирок дар ҷаласаҳои ҳамасолаи маҷлиси умумии ИДМ, СААД ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар пойтахти шимолии Русия ба анҷом расиданд, вакилони парлумони Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни Тоҷикистон як силсила мулоқот анҷом доданд. Раиси Кумитаи иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов ва раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва […]

Аваз Юлдошев


Дар доираи иштирок дар ҷаласаҳои ҳамасолаи маҷлиси умумии ИДМ, СААД ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар пойтахти шимолии Русия ба анҷом расиданд, вакилони парлумони Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни Тоҷикистон як силсила мулоқот анҷом доданд.

Раиси Кумитаи иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов ва раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони парлумон Марҳабо Ҷабборова бо вазъи маишат ва шароити меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вилояти Ленинград ба кор машғуланд, аз наздик ошно гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия таҳсили илм доранд, ба масоили бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон пас аз хатми таҳсил дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров аз вакилон дархост кард, ки зимни сафари корӣ ба Русия ҳатман бо муҳоҷирини кории тоҷик вохӯранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.