Баррасии буҷети давлатии соли 2012 дар парлумон

Имрӯз дар ҷаласаи чор кумитаҳои парлумонӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» баррасӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матуботии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, имрӯз лоиҳаи буҷет дар кумитаҳо оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, масоили кишоварзӣ ва экология, оид ба […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар ҷаласаи чор кумитаҳои парлумонӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» баррасӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матуботии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, имрӯз лоиҳаи буҷет дар кумитаҳо оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, масоили кишоварзӣ ва экология, оид ба умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳамчунин пагоҳ аъзои кумитаҳои илм, маориф, фарҳанг  ва сиёсати ҷавонон, масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ, сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия низ атрофи нишондиҳандаҳои буҷети соли 2012 табодули афкор хоҳанд кард.

Баррасии лоиҳаи қонун дар бораи буҷети соли 2012 рӯзи 21-уми октябр бо баргузории ҷаласаи васеъи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба иқтисод ва молия ба анҷом мерасад.

М. Султонов зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар шакли ниҳоӣ аввали моҳи ноябр ба баррасии иҷлосияи палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод мегардад.

Қисми даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012 дар ҳаҷми 10 миллиарду 160 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоти он 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва ин нисбат ба буҷети соли равон мутаносибан 1 миллиарду 860 миллион ва 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ зиёд аст.

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бошад, дар ҳаҷми 35,8 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот 7% ва таваррум 10,5% пешбинӣ гардидааст.

Тавре таъкид гардид, қариб 50% буҷети соли оянда ё худ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд равона мегардад.

3 миллиард сомонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ, ки ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва бехатарии озуқаворӣ равона гардидаанд, пешбинӣ шудааст.

Соли оянда бо харҷи беш аз 145 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бояд мушкили норасоии оби нўшокӣ дар 24 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла Хорўғ, Кўлоб, Хуҷанд ва ғайра бартараф карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.