Ҳамоиши байнулмилалӣ оид ба агробизнес дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши дуюми сармоягузорӣ оид ба агробизнес ба кор шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки таҷдиду рушди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи Бонки таҷдиду рушди Аврупо таҳти унвони «Барномаи кӯмаки молиявӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон», Марҳилаи II дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши дуюми сармоягузорӣ оид ба агробизнес ба кор шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки таҷдиду рушди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи Бонки таҷдиду рушди Аврупо таҳти унвони «Барномаи кӯмаки молиявӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон», Марҳилаи II дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, барномаи IFC TAFBEP ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо доир мегардад, ки онро Мактаби молия ва менеҷменти Франкфурт амалӣ месозад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамоиши имсола таҳти шиори «Муттаҳид мешавем, то ки рақобатпазир бошем» баргузор шуда, имконоти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд ва ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ оид ба агробизнес ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

«Дар кори ҳамоиш беш аз 200 нафар намояндагони ширкатҳо аз Фаронса, Британияи Кабир, Испания, Швейтсария, Юнон, Афғонистон, Тунис, Туркия, Алҷазоир, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Русия ширкат меварзанд, – гуфтанд дар намояндагии БТРА. – Ҳамчунин баргузории семинарҳову шиносоӣ бок ор дар саҳро низ дар назар аст».

Зимнан зикр гардид, ки дар Ҳамоиш намоишгоҳи маҳсулот ва хизматгузорӣ низ созмон дода мешавад. Ҳамоиш пагоҳ, 19-уми октябр, ба кори худ хотима мебахшад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.