Эмомалӣ Раҳмон Британияро аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо номид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ Алан Данканро ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» номида, ба густариши бештари ҳамкорӣ бо он изҳори ҳавасмандӣ кард.  Президенти Тоҷикистон ба ҳукумати Британияи Кабир барои кўмакҳои техникӣ  арзи […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ Алан Данканро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» номида, ба густариши бештари ҳамкорӣ бо он изҳори ҳавасмандӣ кард.

 Президенти Тоҷикистон ба ҳукумати Британияи Кабир барои кўмакҳои техникӣ  арзи сипос карда, ҳамзамон аз кўмакрасонӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба барномаҳои бузургу миёна гузаштанро зарур шуморид. Барои ин ба имзо расондани созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, канорагирӣ аз андозбандии дукурата ва пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя матлуб дониста шуд.

 Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.