Cозмонҳои ҷамъиятӣ афзоиши ҳақмузди машваратчиёни халқии судиро пешниҳод мекунанд

Созмонҳои ҷамъиятӣ афзоиши пардохти маблағи ҳақмузди машваратчиёни халқиро, ки дар баррасии мурофиаҳои судии ҷиноӣ дар вилояти Суғд иштирок менамоянд, пешниҳод мекунанд. Намояндаи Ассотсиатсияи машваратчиёни халқии ҶТ Нурулло Ҳамидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз дошт, ки ҳадаф аз ин иқдом ҳарчи бештар пурсамар гардонидани фаъолияти ниҳоди машваратчиёни халқӣ аст. Бино ба гуфтаи ӯ, созмони […]

Бахтиёр Валиев


Созмонҳои ҷамъиятӣ афзоиши пардохти маблағи ҳақмузди машваратчиёни халқиро, ки дар баррасии мурофиаҳои судии ҷиноӣ дар вилояти Суғд иштирок менамоянд, пешниҳод мекунанд.

Намояндаи Ассотсиатсияи машваратчиёни халқии ҶТ Нурулло Ҳамидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз дошт, ки ҳадаф аз ин иқдом ҳарчи бештар пурсамар гардонидани фаъолияти ниҳоди машваратчиёни халқӣ аст.

Бино ба гуфтаи ӯ, созмони ҷамъиятии «Ташаббусҳои бахши кишоварзӣ» ва Ассостсиатсияи машваратчиёни халқии ҶТ лоиҳаи Қонун «Дар бораи машваратчиёни халқии ҶТ»-ро таҳия сохтаанд, ки он аз ҷониби мутахассисони Вазорати адлия, Шӯрои адлия, Суди Олӣ ва Прокуратураи генералӣ омӯхта шудааст. Ояндаи наздик ба баррасии парлумон ирсол кардани лоиҳаи қонун пешбинӣ мешавад.

«Дар Тоҷикистон қонун дар бораи машваратчиёни халқӣ мавҷуд нест.Танҳо Муқаррароти дахлдор дар ин хусус амал мекунад, ки лоиҳаи қонун бар асоси ин санад таҳия гардид», – гуфт Ҳамидов.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар лоиҳаи қонун иваз шудани мақоми машваратчиёни халқи ва афзоиши маблағи пардохти ҳақмузди онҳо пешбинӣ шудааст. Дар назди ҳар як суд то 10 машваратчии халқӣ фаъолият дошта метавонад, ки онҳо ба ҳайати шахсӣ (штат)-и Шӯрои адлия шомил мегарданд. Ғайр аз ин, мутобиқи лоиҳаи қонун, барои иштирок дар ҳар як муроифаи судӣ ба машваратчии халқӣ на 5 сомонӣ чун айни замон, балки 25 сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад.

Ҳамидов мӯътақид аст, ки агар қонун қабул гардад, он ба таҳкими ниҳоди машваратчиёни халқӣ, ки метавонанд дар содир намудани ҳалномаи судӣ таъсир дошта бошанд, мусоидат хоҳад кард.

«Дар назди ҳар як суд 50 машваратчии халқӣ фаъолият мекунанд ва дар мурофиаи судӣ ду нафар аз онҳо иштирок менамоянд. Онҳо метавонанд дар қабули қарори суд танҳо ба хотири он, ки ҳамроҳи суд дар хонаи машваратӣ қарор доранд, таъсир расонанд», – иброз дошт Ҳамидов.

Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор нафар машваратчиёни халқӣ фаъолият мекунанд. Онҳо аз ҷониби коллективҳои меҳнатии маҳалли зисташон интихоб мегарданд. Дар мурофиаҳои судӣ иштирок доштани онҳо яке аз омилҳои муҳими мурофиаи судӣ аст. Машваратчиёни халқӣ маъмулан миёни ҷомеа обрӯву нуфузи зиёд доранд ё бо фаъолияти муҳими ҷамъиятӣ машғуланд. Онҳо дар мурофиаҳое, ки дар онҳо ба мӯҳлати беш аз панҷ сол ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ таъин мегардад, иштирок мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.