Дар Тоҷикистон беш аз 403 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 103%-и нақшаро ташкил медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ дар як рӯз ба ҳисоби миёна беш аз 1 ҳазор тонна (0,3%) пахта ҷамъоварӣ карда мешавад. Др вилояти Хатлон ҳудуди 268 ҳазор тонна […]

Пайрав Чоршанбиев


То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 103%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ дар як рӯз ба ҳисоби миёна беш аз 1 ҳазор тонна (0,3%) пахта ҷамъоварӣ карда мешавад.

Др вилояти Хатлон ҳудуди 268 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз нақша 2,5% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳазор тонна бештар мебошад. Кишоварзони вилояти Суғд то имрӯз 110 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки аз нақша 5,5% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи хамин давраи соли гузашта 30 ҳазор тонна бештар аст. Дар ноҳияҳои тобеъи марказ зиёда аз 25 ҳазор тонна пахта ғунучин шудааст, ки аз нақша 3,2% зиёдтар аст.

Соли равон дар Тоҷикистон ҷамъоварии 390 ҳазор тонна ҳосили пунбадона пешбинӣ шуда буд. Аммо дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мӯътақиданд, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Бори нахуст дар таърихи истиклолияти кишвар пахтакорон дар нимаи моҳи октябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба иҷро мерасонанд. Маъмулан нақша моҳи ноябр ба иҷро мерасид. Ҳосили пунбадона то боридани барфи аввал ҷамъоварӣ мегардад.

Соли равон ғунучини ҳосили пахта аввали моҳи сентябр огоз гардид. Соли гузашта бошад, бинобар номусоидии обуҳаво ғунучини ҳосил хеле дертар шурӯъ гардида буд.

Соли ҷорӣ дар майдони 205 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шуд. Ин нишондиҳанда соли гузашта каме зиёдтар аз 160 ҳазор гектарро ташкил медод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.