Миёни осебдидагон аз заминларза дар Туркия шаҳрвандони тоҷик ҳузур надоранд

Миёни осебдидагон аз заминларза дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, пас аз заминларзаи харобиовар дар музофоти Вани Туркия, ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳеҷ маълумоте дар бораи шаҳрандони осебдидаи Тоҷикистон ворид нашудааст. «Сафорати Тоҷикистон дар […]

Меҳрангез Турсунзода


Миёни осебдидагон аз заминларза дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, пас аз заминларзаи харобиовар дар музофоти Вани Туркия, ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳеҷ маълумоте дар бораи шаҳрандони осебдидаи Тоҷикистон ворид нашудааст.

«Сафорати Тоҷикистон дар Туркия шабонарӯзӣ тамоми маълумоти марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Туркия қарор доранд, пайгирӣ дорад», – зикр карданд дар ВКХ ва афзуданд, ки айни замон перомуни шумори шаҳрвандони тоҷики дар музофоти Вани Туркия қарордошта, маълумоти дақиқ надоранд.

Шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» қаблан хабареро интишор сохт, ки шумори ҳалокшудагон бар асари ин офати табиӣ метавонад аз 500 то ҳазор нафарро ташкил диҳад, аммо ин маълумот ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Феълан шумори фавтидагон бар асари ин заминларза 250 нафарро ташкил медиҳад.

Васоити ахбори умуми маҳаллӣ хотирнишон месозанд, ки соли 1976 низ дар шаҳри Ван ба ин монанд заминларза рух дода, бар асари он 3840 нафар ҳалок шуда буданд.

Шаҳри Ван дар минтақаи ҷанубу шарқии Туркия, дар наздикии марз бо Эрон воқеъ буда, аҳолиаш ҳудуди 320 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.