Таъсиси намояндагии афсарони алоқаи ВКД-Афғонистон дар Тоҷикистон

Чанде қабл дар мулоқоти директории Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров бо вазири мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон Зарор Аҳмад Муқбил ва намояндаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон Жан Люк Лемахю масоили тақвияти муборизаи муштарак алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар мулоқоти директории Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров бо вазири мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон Зарор Аҳмад Муқбил ва намояндаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон Жан Люк Лемахю масоили тақвияти муборизаи муштарак алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот роҳбари агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, чораҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт ва ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар шинос кард.

«Ҷонибҳо хусусияти умумии вазъи низомиву сиёсӣ, истеҳсоли маводи мухаддир ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии он дар Афғонистон ва ҳамчунин масоили баргузории чорабиниҳои муштараки пешгирӣ ва мубориза бо маводи мухаддир дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистонро низ баррасӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки зимни сафари муовини вазири умури дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ ба Тоҷикистон миёни АНМН ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар нишасти хабарӣ директории АНМН изҳор дошт, ки дар протокол ташкил ва баргузории амалиёти муштарак ва чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯйӣ, ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули маълумот оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар бахши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва омодасозии кадрҳо пешбинӣ шудааст.

Р. Назаров ҳамчунин зикр кард, ки дар протокол имкони таъсиси намояндагии афсарони алоқаи Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон низ пешбинӣ гардида, перомуни таҳияи созишномаи дахлдор дар ин бора мувофиқа ҳосил шудааст, ки ба имзо расидани он аввали соли 2012 ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.