Ташрифи дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе

Шоми имрӯз дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа бо сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, нимаи дуюми рӯзи 2-юми ноябр мулоқоти Николай Бордюжа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар дабири кулли СААД бо мақомоти […]

Аваз Юлдошев


Шоми имрӯз дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа бо сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, нимаи дуюми рӯзи 2-юми ноябр мулоқоти Николай Бордюжа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар дабири кулли СААД бо мақомоти раҳбарии ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ гуфтушунид мекунад. Дар мулоқоту гуфтушунидҳо баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорҷӯби СААД ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки сафари ахири дабири кулли СААД ба Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар доираи баргузории машваратҳо оид ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон сурат гирифта буд.

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.