Раиси ҲСДТ ба таҳрими маъракаи интихоботи вакили парлумон даъват мекунад

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон як изҳороте пахш намуд, ки дар он аз тамоми аҳзоби сиёсӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳрим намудани маъракаи интихоби вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи якмандатии №3-и ноҳияи Шоҳмаснури пойтахт даъват ба амал оварда мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Раҳматилло Зойиров хабар дод, аз ҷониби ҳукуматдорон рад сохтани […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон як изҳороте пахш намуд, ки дар он аз тамоми аҳзоби сиёсӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳрим намудани маъракаи интихоби вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи якмандатии №3-и ноҳияи Шоҳмаснури пойтахт даъват ба амал оварда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Раҳматилло Зойиров хабар дод, аз ҷониби ҳукуматдорон рад сохтани ба ҳайати комиссияҳои қитъавии интихоботӣ шомил сохтани намояндагони аҳзоби сиёсӣ боиси пахши ин изҳорот шудааст.

«Тақдири интихобот дар кишвари мо маҳз дар комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ҳал мешавад, ки ба ҳайати онҳо маъмулан намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомиланд ва онҳо пинҳонӣ аз номзадҳои ҳизби ҳоким – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд», – таъкид кард Зойиров.

Раиси ҲСДТ зикр кард, ки ин даъвати ӯ аллакай аз ҷониби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бобати ин масъала пагоҳ қарор қабул мекунад.

Ёдрас мекунем, ки пас аз даргузашти вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сафаралӣ Раҷабов ҷойи як вакил аз ҳавзаи интихоботии мазкур холӣ монд. Интихоботи вакил ба санаи 18-уми декабр таъин шудааст. Пешбарии номзадҳо аз ҳавзаи мазкур, ки рӯзи 19-уми октябр оғоз гардид, то 3-юми ноябр ва бақайдгирии онҳо то 19-уми ноябр идома меёбад.

Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ яке аз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ҳанӯз номзадҳои худро ба вакилӣ аз ин ҳавза пешбарӣ накардаанд.

Аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки номзади худро ба вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми ноябр пешбарӣ хоҳанд намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.