Сафорати Тоҷикистон: Намоишҳои эътирозӣ осоишта сурат гирифтанд

Чанде қабл дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 25 нафар ҷамъ омада, тақозо карданд, ки халабонҳои ҳафтаи гузашта дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҳкумшуда озод карда шаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, эътирозгарон нимаи рӯз дар назди бинои сафоратхона бо шиору лавҳаҳо гирдиҳам омадаанд. «Эътирозгарон худро намояндаи ташкилоти «Молодая гвардия» […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 25 нафар ҷамъ омада, тақозо карданд, ки халабонҳои ҳафтаи гузашта дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҳкумшуда озод карда шаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, эътирозгарон нимаи рӯз дар назди бинои сафоратхона бо шиору лавҳаҳо гирдиҳам омадаанд.

«Эътирозгарон худро намояндаи ташкилоти «Молодая гвардия» номида, озодии халабонҳоро тақозо доштанд», – гуфтанд дар сафоратхона.

Бино ба иттилои манбаъ, ин намоиши эътирозӣ муддати се соат идома ёфта, бидуни содир шудани ҳеҷ бетартибие ва оромона сурат гирифтааст.

«Мо қаблан аз баргузории он огаҳ ва ба он омода гардида, ҳамчунин барои назорати вазъ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллиро даъват карда будем», – афзуд манбаъ.

Дар идома манбаъ афзуд, қаблан дар назди бинои сафоратхона як гурӯҳи дигари шаҳрвандон намоиши эътирозӣ доир сохта буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.